СОЛГАРДИ НАВБАТИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 27 январ аз рӯзи ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркманистон расо 17 сол гузашт. Заминаи сиёсии муносибатҳои ҳар ду мамлакат 27 январи соли 1993 гузошта шуда буд. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ашқобод аз моҳи феврали соли 1995 фаъолият дорад. Инчунин дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Туркманистон кор мекунад. Дар ин муддат байни Тоҷикистону Туркманистон 35 ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо шудааст. Ҳуҷҷати асосие, ки муносибатҳои ҳар ду кишварро ба низом медарорад, бешубҳа, Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон мебошад. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон аз рӯи анъана бо назардошти ҳамкории мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисодиёт, илму техника, фарҳанг ва ғайра бомуваффақият густариш меёбад. Рӯҳияи асосии муносибатҳои ин ду ҷумҳурии Осиёи Марказиро боварӣ ба ҳамдигар, мувофиқат ё қаробати мавқеъҳояшон аз рӯи проблемаҳои муҳимтарини байналхалқию минтақавӣ муайян менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ, яъне моҳи декабри соли 2006 ва моҳи феврали соли 2007 ду маротиба ба Туркманистон сафар кард. Зимни ин сафарҳо бо роҳбарони воломақоми ин мамлакат мулоқотҳо анҷом дода шуданд. Дар ҷараёни онҳо масъалаҳои муҳимтарини муносибатҳои дуҷониба ва проблемаҳои дорои аҳамияти минтақавию байналхалқӣ муҳокима шуданд. Бояд гуфт, ки роҳбарони хар ду давлат мунтазам ба мамлакатҳои ҳамдигар сафар карда, масъалаҳои муҳимтаринро бо маслиҳату машварати ҳамдигар ҳаллу фасл менамоянд. Бояд гуфт, ки Туркманистон дар ҷараёни гуфтушуниди тарафҳои ба ҳамдигар муқобили Тоҷикистон тӯли солҳои ҷанги дохилӣ нақши муҳим бозида, дар ҳамон солҳои душвор ба халқи тоҷик дасти ёрӣ дароз карда буд. Аз ҷумла, зимистони қаҳратуни соли 2008, вақте, ки дар Тоҷикистон мушкилоти нарасидани қувваи барқ ва сӯзишворӣ ба миён омад, Туркманистон ба Тоҷикистон 500 тонна сӯзишвории дизелӣ тӯҳфа карда буд. Ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон инчунин дар доираи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, аз ҷумла, СММ, ИДМ, САҲА, Созмони Ҳамкории иқтисодӣ ва Фонди байналмилалии наҷоти Арал торафт бештар густариш меёбад. Ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар низ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Ҳайатҳои гуногунпояи Тоҷикистон борҳо дар тадбирҳои фарҳангӣ ва илмию техникии дар Туркманистон баргузоргардида ширкат варзидаанд. Соли 2008 дар Туркманистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон гузаронида шуданд. Тибқи паймони сарони ҳар ду давлат, соли 2010 дар Туркманистон гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ба нақша гирифта шудааст. Ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи маориф низ сол то сол вусъат меёбад. Ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон бештар аз 500 нафар донишҷӯи туркман таҳсил мекунад. Ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Туркманистон низ сол то сол меафзояд. Аз Туркманистон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти саноати сӯзишворию энергетикӣ, кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон ва саноати химия фиристода, аз Тоҷикистон ба ин мамлакат молҳои зарурии рӯзгор, озуқа, фулузот ва маснуоти фулузӣ содир карда мешаванд. Аз рӯи маълумоти вазорати иқтисод ва рушди Туркманистон то 1 сентябри соли 2009 дар ин мамлакат се корхона ба қайд гирифта шудааст, ки бо иштироки сармояи Тоҷикистон бунёд карда шудаанд. Яке аз онҳо корхонаи муштараки «Ойл трейдинг Сандал» мебошад. Маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Туркманистон соли 2008 – ум 69,5 миллион доллари ИМА ва дар давоми 8 моҳи соли 2009 – ум 44,08 миллион доллари ИМА- ро ташкил дод.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






