СУХАН АЗ ҚАРЗИ ХУРД РАФТ

Январь 14, 2010 12:23

                    Хоруғ, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Рӯзи 12-уми моҳи январ дар толори хурди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо ширкати намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ форум дар мавзӯи «Маблағгузории хурд дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» баргузор гардид. Муовини раиси вилоят Азиз Гиёев форумро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки имрӯз риштаҳои иқтисодии ҷаҳони муосир чунон бо ҳам печидааст, ки дар алоҳидагӣ ҳеҷ кишвар наметавонад иқтисоди худро рушд бахшад. Аз ин рӯ, таҳкими ҳамкории судманди дуҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ дар марҳилаи кунунӣ барои мо хеле муҳим мебошад. Ҳоло дар вилоят чаҳор ташкилоти қарздиҳии хурд таъсис ёфтаанд, ки то имрӯз ба соҳибкорону хонаводаҳои камбизоат бештар аз чаҳор миллион сомонӣ қарз додаанд. Ин маблағ барои рушди ояндаи соҳибкории хурду миёна роҳи васеъ боз кард. Азиз Гиёев намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ, соҳибкорону созмонҳои байналмилалиро ба ҳамкорӣ даъват намуд, изҳор дошт, ки дарҳои масъулини муассисаҳои марбутаи ҳукумати вилоят барои шумо ҳамеша боз аст.                        Директори иҷроияи ассотсиатсияи мазкур Фарҳод Акбаров иброз дошт, ки ташкилотҳое, ки ба фаъолияти маблағгузории хурд машғуланд, метавонанд ихтиёран ба ин ташкилот аъзо шаванд. Ҳадафи мо рушди соҳибкории хурд ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба василаи хизматрасонии ҳуқуқӣ, машваратӣ ва таълимиро пешниҳод менамоянд.                           Муовини аввали раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Абдуғаффор Раҳмонов, директори иҷроияи бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов, роҳбари бахши вилоятии бонки миллӣ Насриддин Насриддинов оид ба роҳҳои ташаккули тафаккури иқтисодию молиявии соҳибкорон, ба воситаи додани қарзҳои хурд боло бурдани сатҳи зиндагии қишри камбизоати ҷомеа, бештар ба роҳ мондани давраҳои омӯзишӣ барои кормандони ташкилотҳои маблағгузории хурд андешаҳои худро баён намуданд.Аммо аз сӯҳбат бо соҳибкорону тоҷирон аён гардид, ки онҳо ҳанӯз ҳам умед ба кӯмакҳои ройгон ё худ грантҳои созмонҳои байналмилалӣ баста, барои боло бурдани сатҳи дониши иқтисодии худ ё фаъолияти соҳибкорӣ коре анҷом намедиҳанд. Донорҳои хориҷӣ ҳам бо касоне ҳамкорӣ мекунанд, ки онҳо ба қавли мардум чӯберо болои чӯби дигар мегузоранд. Баръакси ҳол, баргузории ҳамагуна форуму давраҳои омӯзишӣ роҳи расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ буда наметавонад.

Январь 14, 2010 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд