ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТИ МОЛИЯВИИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода 25 январ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки соли 2009 дар Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёт шароити мусоид муҳайё карда шуд. Маблағи Маҳсулоти умумии дохилии мамлакат дар ин давра 20 миллиарду 622 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дод, ҳол он ки маблағи соли 2008 – ум каме бештар аз 17 миллиард сомонӣ буд. Дараҷаи таворуми пул соли гузашта аввал 13 фоиз ва баъд 8 фоизро ташкил дод. Тибқи нақша дараҷаи таворуми пул дар соли 2010 набояд аз 11 фоиз зиёд шавад. Раиси бонк дар бораи сабабҳои мустаҳкам гардидани мавқеи пули миллӣ сухан ронда, зикр кард, ки ин аз бисёр ҷиҳат ба ҳаҷми вуруди пул аз хориҷа ба Тоҷикистон вобаста мебошад. Аз рӯи маълумоти бонк аз 1 то 10 январи соли 2010 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 фоиз бештар маблағ ворид шудааст. Сабаби дигар болоравии нархи алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз нархи як тонна алюминий 2300 доллари ИМА ва нархи як тонна нахи пахта 1681 доллари ИМА мебошад. Инчунин афзоиши вуруди асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон ба арзиши доллар таъсир мерасонад. Сабаби дигари он афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар дохили мамлакат мебошад, гуфт Ш. Раҳимзода. Вай зикр кард, ки айни ҳол дар Бонки миллӣ 4 тоннаю 300 килограмм тилло захира карда шудааст. Соли 2009 Тоҷикистон аз мамлакатҳои хориҷӣ 901, 673 килограмм тилло харид. Маблағи он 351,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар давоми моҳи аввали соли 2010 аз хориҷи кишвар 58 килограмм тилло харидааст. Дар давоми сол дар мавриди зарурат харидани тилло давом дода мешавад. Ш.Раҳимзода изҳор намуд, ки маблағи захираи тилло охири соли 2009 – ум 351 миллион доллари ИМА ва арзиши захираи тиллои бонк 358 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






