ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТИ МОЛИЯВИИ ҶУМҲУРӢ

Январь 25, 2010 15:02

                  Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода 25 январ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки соли 2009 дар Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёт шароити мусоид муҳайё карда шуд. Маблағи Маҳсулоти умумии дохилии мамлакат дар ин давра 20 миллиарду 622 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дод, ҳол он ки маблағи соли 2008 – ум каме бештар аз 17 миллиард сомонӣ буд.                    Дараҷаи таворуми пул соли гузашта аввал 13 фоиз ва баъд 8 фоизро ташкил дод. Тибқи нақша дараҷаи таворуми пул дар соли 2010 набояд аз 11 фоиз зиёд шавад.                     Раиси бонк дар бораи сабабҳои мустаҳкам гардидани мавқеи пули миллӣ сухан ронда, зикр кард, ки ин аз бисёр ҷиҳат ба ҳаҷми вуруди пул аз хориҷа ба Тоҷикистон вобаста мебошад. Аз рӯи маълумоти бонк аз 1 то 10 январи соли 2010 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 фоиз бештар маблағ ворид шудааст.                     Сабаби дигар болоравии нархи алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз нархи як тонна алюминий 2300 доллари ИМА ва нархи як тонна нахи пахта 1681 доллари ИМА мебошад. Инчунин афзоиши вуруди асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон ба арзиши доллар таъсир мерасонад. Сабаби дигари он афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар дохили мамлакат мебошад, гуфт Ш. Раҳимзода.                      Вай зикр кард, ки айни ҳол дар Бонки миллӣ 4 тоннаю 300 килограмм тилло захира карда шудааст. Соли 2009 Тоҷикистон аз мамлакатҳои хориҷӣ 901, 673 килограмм тилло харид. Маблағи он 351,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар давоми моҳи аввали соли 2010 аз хориҷи кишвар 58 килограмм тилло харидааст. Дар давоми сол дар мавриди зарурат харидани тилло давом дода мешавад. Ш.Раҳимзода изҳор намуд, ки маблағи захираи тилло охири соли 2009 – ум 351 миллион доллари ИМА ва арзиши захираи тиллои бонк 358 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. 

Январь 25, 2010 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид