ТАЪСИСИ МАРКАЗИ НАРХГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи моддаи 16 – и Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъоляти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва барои ба вазифа таъин намудани сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Агентии сохтмон ва меъморӣ озмун эълон карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани озмун аз 60 нафар довталаб 38 нафар ба мансаби роҳбари мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъин када шуданд. Ҳуҷҷатҳои беш аз 30 нафар барои ба роҳбарии ин мақомот таъин кардан, мавриди омӯзиш қарор доранд. Дар сохтори Агентии сохтмон ва меъморӣ боз як ташкилоти дигар – Корхонаи воҳиди давлатии Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки айни замон маҷмӯи нархҳои харҷномавӣ ва захираҳои асосии сохтмонро барои корхонаҳои сохтмонӣ ва пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ таҳия ва аз чоп баровард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






