ТОҶИКИСТОН ДАР ЖЕНЕВА ҲИСОБОТ МЕДИҲАД

Январь 5, 2010 10:41

                Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз 11 то 29 январ дар Женева иҷлосияи 53 – юми Кумитаи ҳуқуқи атфоли Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Дар он маърӯзаҳои Буркина – Фасо, Камерун, Эквадор, Салвадор, Муғулистон, Норвегия, Парагвай ва Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои қонунию маъмурии бахшида ба ҳифзи ҳуқуқи бачагон муҳокима карда мешаванд.                   Маърӯзаи Тоҷикистон рӯзҳои 18 ва 19 январ ба аъзои кумита пешниҳод карда мешавад. Аз Тоҷикистон дар иҷлосия панҷ нафар — муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, сардори шӯъбаи варзиш, ҷавонон ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Дилором Мирсаидова, вазири адлия Бахтиёр Худоёров, муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Саида Ҷобирова, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ва муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов ширкат меварзанд.                   Кумитаи ҳуқуқи атфоли СММ 18 аъзо дорад. Кумитаи мазкур барои назорати иҷрои талаботи Муоҳидаи байналмилалии ҳуқуқи атфол соли 1989 таъсис дода, соли 1990 расман ба фаъолият шурӯъ карда буд. Муоҳидаи мазкурро то имрӯз танҳо Сомали ва ИМА ба тасвиб нарасондаанду халос.                     Эстония ва Муғулистон дар иҷлосияи 53 –юми кумита дар бораи ҷараёни иҷрои протоколи соҳавии марбут ба масъалаҳои хариду фурӯши бачагон ва истифодаи бачагон дар иҷрои корҳои вазнин ҳисобот медиҳанд. Маърӯзаи Исроил ба истифодаи бачагон дар муноқишаҳои мусаллаҳона бахшида шудааст.

Январь 5, 2010 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд