«ТОҶИКСТАНДАРТ»: — БОЗОРҲОИ ДУШАНБЕ ДОРОИ ШАҲОДАТНОМАИ ХИЗМАТРАСОНӢ НЕСТАНД!

Январь 14, 2010 11:20

                    Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Ягон бозори шаҳри Душанбе дорои шаҳодатномаи хизматрасонӣ нест, зеро то имрӯз бозорҳои пойтахт шартҳои чорабиниҳои пешниҳоднамудаи Агентии давлатии «Тоҷикстандарт»-ро ҷиҳати ба танзим даровардани бозор ва ба стандартҳо мутобиқ намудани онро пурра иҷро накардаанд», — зикр гардид дар нишасти матбуотии роҳбарияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ, 14 январи соли ҷорӣ.                       Қайд карда шуд, ки то ҳол дар бозорҳои молҳои хӯрокаи шаҳри Душанбе камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла ба фурӯш гузоштани молҳои зудвайроншаванда бе доштани таҷҳизоти хунуккунанда, ки яке аз талаботҳои асосии босифат нигоҳ доштани маҳсулот мебошад, мавҷуданд. Дар давоми соли 2009, танҳо дар бозори «Саховат»-и пойтахт бинобар сабаби надоштани таҷҳизоти хунуккунанда ба 28 нафар соҳибкорон амрияҳои ислоҳӣ ва ҷарима баста шуд. Аз ин рӯ, «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки дар соли 2010 то ҷойи имкон ин камбудиро дар бозорҳо бартараф намуда, сатҳи хизматрасониро дар онҳо таъмин намояд.                         Маврид ба зикр аст, ки дар давоми соли 2009 аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» 142 тонна маҳсулоти макаронӣ, 3 ҳазору 84 тонна орду гандум, 131 тонна мурғи тухм ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муайяншуда аз нав коркард ва ё нобут карда шуданд. 

Январь 14, 2010 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст