«ТОҶИКСТАНДАРТ»: — БОЗОРҲОИ ДУШАНБЕ ДОРОИ ШАҲОДАТНОМАИ ХИЗМАТРАСОНӢ НЕСТАНД!
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Ягон бозори шаҳри Душанбе дорои шаҳодатномаи хизматрасонӣ нест, зеро то имрӯз бозорҳои пойтахт шартҳои чорабиниҳои пешниҳоднамудаи Агентии давлатии «Тоҷикстандарт»-ро ҷиҳати ба танзим даровардани бозор ва ба стандартҳо мутобиқ намудани онро пурра иҷро накардаанд», — зикр гардид дар нишасти матбуотии роҳбарияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ, 14 январи соли ҷорӣ. Қайд карда шуд, ки то ҳол дар бозорҳои молҳои хӯрокаи шаҳри Душанбе камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла ба фурӯш гузоштани молҳои зудвайроншаванда бе доштани таҷҳизоти хунуккунанда, ки яке аз талаботҳои асосии босифат нигоҳ доштани маҳсулот мебошад, мавҷуданд. Дар давоми соли 2009, танҳо дар бозори «Саховат»-и пойтахт бинобар сабаби надоштани таҷҳизоти хунуккунанда ба 28 нафар соҳибкорон амрияҳои ислоҳӣ ва ҷарима баста шуд. Аз ин рӯ, «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки дар соли 2010 то ҷойи имкон ин камбудиро дар бозорҳо бартараф намуда, сатҳи хизматрасониро дар онҳо таъмин намояд. Маврид ба зикр аст, ки дар давоми соли 2009 аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» 142 тонна маҳсулоти макаронӣ, 3 ҳазору 84 тонна орду гандум, 131 тонна мурғи тухм ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муайяншуда аз нав коркард ва ё нобут карда шуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






