ТУРКМАНИСТОН БА МАМЛАКАТҲОИ ШАРҚ ГАЗ МЕФУРӮШАД
Душанбе, 6 января. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Нурбердӣ Амонмуродов 5 январ бахшида ба сафари расмии Президенти Эрон ба мамлакаташ ва маросими ифтитоҳи газопроводи Туркманистон – Эрон барои хабарнигорони маҳаллӣ нишасти матбуоти ташкил намуд. Дар маросими ифтитоҳи газопровод роҳбарони баландпояи Туркманистону Эрон ширкат варзиданд. Дарозии газопровод 30,5 километр мебошад. Газопроводи мазкур имкон медиҳад, ки Туркманистон ба Эрон ҳар сол то 20 миллиард метри мукааб гази табиӣ фурӯшад. Туркманистон яке аз панҷ давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки дар онҳо захираи нафту газ ниҳоят фаровон аст. Аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ захираи нафт дар Туркманистон 20,8 миллиард тонна ва захираи гази табиӣ 24,6 триллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Чанде пеш аз Туркманистон ба Чин низ газопровод кашида шуда буд. Сохтмони ин газопроводҳо ба Туркманистон имкон медиҳад, ки сарватҳои табиии худро бе дахолати Русия мустақиман ба мамлакатҳои дигар фурӯшад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






