ЗИЛЗИЛА ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ

Январь 6, 2010 09:30

                 Душанбе, 6 января. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 2 январ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон замин сахт ҷунбид. Маркази он дар масофаи 230 километрии самти ҷанубу шарқии пойтахти мамлакат ва 15 километрии маркази ноҳияи Ванҷ воқеъ буд.                 Аз рӯи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар натиҷаи зилзила 1019 ҳавлӣ зарар дид, аз ин ҷумла 98 ҳавлӣ ғайри қобили истифода гардид, 583 сокини маҳаллӣ бесарпаноҳ монд, ғайр аз ин 30 бинои маъмурӣ, се мактаб, бештар аз 3 километр роҳи мошингард ва 2,3 километр хати интиқоли барқ хароб гардид. Шахсони бесарпаноҳмонда айни ҳол дар хонаҳои ҳамсояҳо ва хешу таборонашон ҷой дода шудаанд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 5 январ ҳайати ҳукуматии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Сарвазир Оқил Оқилов ба ноҳияи Ванҷ рафт. Аъзои ҳайат бо вазъияти маҳал шинос гардида, барои бартараф сохтани оқибати зилзила тадбирҳо меандешад. Дирӯз дар ноҳияи Ванҷ таҳти раёсати О.Оқилов маҷлиси комиссияи муайян намудани зарари зилзила баргузор гардид. Комиссия дар маҳалли зилзила ба кор шурӯъ кард. 

Январь 6, 2010 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд