ҒАЛАБАИ ВИКТОР ЯНУКОВИЧ
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Комиссияи марказии интихоботи Украина ба журналистон хабар дод, ки аз рӯи ҳисобҳои пешакии натиҷаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президенти мамлакат Виктор Янукович ғалаба ба даст овард. Хабар дода шуд, ки дар Комиссияи марказии интихобот то субҳи имрӯз 99,58 фоизи протоколҳои электронии овоздиҳӣ тафтиш, таҳлил ва ҳисоб карда шуд. Аз рӯи онҳо раиси Ҳизби минтақаҳои Украина Виктор Янукович ба 48,83 фоизи овози интихобкунандагон ва сарвазири мамлакат Юлия Тимошенко ба 45,59 фоизи овози интихобкунандагон соҳиб гардиданд. 4,37 фоизи интихобкунандагон ягон номзадро дастгирӣ накарданд. Натиҷаҳои ниҳоии даври дуюми интихоботи президент дар давоми 10 рӯз, яъне то 17 феврал эълон карда мешаванд. Президенти нави Украина, мувофиқи қонун бояд баъди як моҳи эълони натиҷаҳои интихобот ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






