ҒАЛАБАИ ВИКТОР ЯНУКОВИЧ

Февраль 9, 2010 09:58

Душанбе,   9  феврал. (АМИТ «Ховар»). —  Комиссияи  марказии  интихоботи  Украина   ба  журналистон  хабар  дод, ки  аз рӯи  ҳисобҳои  пешакии  натиҷаҳои  овоздиҳӣ  дар  интихоботи  президенти  мамлакат  Виктор  Янукович  ғалаба  ба  даст  овард. Хабар  дода  шуд, ки дар Комиссияи  марказии  интихобот  то  субҳи  имрӯз 99,58  фоизи  протоколҳои  электронии  овоздиҳӣ тафтиш, таҳлил  ва  ҳисоб  карда  шуд. Аз  рӯи  онҳо  раиси  Ҳизби  минтақаҳои  Украина  Виктор  Янукович  ба  48,83  фоизи  овози  интихобкунандагон ва  сарвазири  мамлакат  Юлия  Тимошенко ба 45,59  фоизи  овози  интихобкунандагон  соҳиб  гардиданд. 4,37  фоизи  интихобкунандагон  ягон  номзадро  дастгирӣ накарданд. Натиҷаҳои  ниҳоии  даври  дуюми  интихоботи  президент  дар  давоми  10 рӯз,  яъне то  17 феврал  эълон  карда  мешаванд.  Президенти  нави  Украина,  мувофиқи  қонун  бояд  баъди  як  моҳи  эълони  натиҷаҳои  интихобот  ба  иҷрои  вазифаҳояш  шурӯъ  намояд.

Февраль 9, 2010 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид