ҚАБУЛИ БАРНОМАИ ТУХМИПАРВАРӢ
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати кишоварзӣ «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварро барои солҳои 2010 — 2014» таҳия намуд, ки он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфта, тасдиқ карда шуд. Яке аз омилҳои асосии рӯёнидани ҳосили баланди ғалладона истифодаи тухмии хушсифат мебошад. Боиси тазаккур аст, ки соли 2009 кишоварзони ҷумҳурӣ барои дастовардҳои истеҳсолӣ бо тавсияи олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гандуми навҳои яккачини «Садоқат», «Алекс», «Зафар», «Наврӯз», «Иқбол», «Ориён» ва «Истиқлолият»- ро истифода намуданд ва ҳосили дилхоҳ гирифтанд. Соли ҷорӣ тибқи шартномаҳои дутарафа аз Федератсияи Русия гандуми навъҳои «Ласточка», «Нота», «Москвичка», «Краснодар — 99», «Ясавул» ва аз Ҷумҳурии Туркия навъҳои «Басирбай», «Пракуа», «Ҷайҳун» -ро ба ҷумҳурӣ ворид карданд, ки он барои ба даст овардани ҳосили баланд замина хоҳад гузошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






