ҚАЗИЯИ 1 МИЛЛИОНУ 1 СОМОНА — ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БО «МИЛЛАТ» ДАЪВО ДОРАД

Февраль 25, 2010 15:43

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 25.02.2010 дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мурофиаи додгоҳии вазорати кишоварзӣ ва рӯзномаи «Миллат» оғоз гардид. Бино ба иттилои додгоҳи ин ноҳия «дар истеҳсолоти судии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақолаи бемуаллиф «Вазорати кишоварзӣ  фасодзадатарин ниҳод», ки дар шумораи 49 (223) аз 10.12.2009 сол рӯзномаи «Миллат» чоп гардидааст, дар марҳиллаи баррасӣ қарор дорад». Вазорати кишоварзӣ аз додгоҳ хостааст, ки барои беасос ва ғайриқонунӣ бардурӯғ чоп шудани мақола ва расонидани зарари маънавӣ аз ҳисоби рӯзномаи «Миллат» тибқи қонунҳои муқарраршуда ба маблағи як миллион сомонӣ рӯёнида ба суратҳисоби «НБО»-и Роғун гузаронида шавад. Аммо масъули нашрияи «Миллат» мегӯяд, ба ақидаи мо, аз тарафи даъвогар ба суд пешниҳод кардани чунин аризаи даъвогии беасос ва ғаразнок таҳдиди вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии рӯзнома, чун воситаи ахбори омма мебошад. Аз ин рӯ мо дар асоси моддаҳои 140 ва 141 КМГ ҶТ аризаи даъвогии муқобили даъворо ба додгоҳ супурдем ва барои ҷуброни рамзӣ аз Вазорати кишоварзӣ  тариқи додгоҳ 1 сомонӣ талаб кардем.  

Февраль 25, 2010 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад