ҚАЗИЯИ 1 МИЛЛИОНУ 1 СОМОНА — ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БО «МИЛЛАТ» ДАЪВО ДОРАД
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 25.02.2010 дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мурофиаи додгоҳии вазорати кишоварзӣ ва рӯзномаи «Миллат» оғоз гардид. Бино ба иттилои додгоҳи ин ноҳия «дар истеҳсолоти судии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақолаи бемуаллиф «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод», ки дар шумораи 49 (223) аз 10.12.2009 сол рӯзномаи «Миллат» чоп гардидааст, дар марҳиллаи баррасӣ қарор дорад». Вазорати кишоварзӣ аз додгоҳ хостааст, ки барои беасос ва ғайриқонунӣ бардурӯғ чоп шудани мақола ва расонидани зарари маънавӣ аз ҳисоби рӯзномаи «Миллат» тибқи қонунҳои муқарраршуда ба маблағи як миллион сомонӣ рӯёнида ба суратҳисоби «НБО»-и Роғун гузаронида шавад. Аммо масъули нашрияи «Миллат» мегӯяд, ба ақидаи мо, аз тарафи даъвогар ба суд пешниҳод кардани чунин аризаи даъвогии беасос ва ғаразнок таҳдиди вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии рӯзнома, чун воситаи ахбори омма мебошад. Аз ин рӯ мо дар асоси моддаҳои 140 ва 141 КМГ ҶТ аризаи даъвогии муқобили даъворо ба додгоҳ супурдем ва барои ҷуброни рамзӣ аз Вазорати кишоварзӣ тариқи додгоҳ 1 сомонӣ талаб кардем.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






