ҚОНУНИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ТАРҒИБИ БЕШТАР МЕҲОҲАД

Февраль 25, 2010 14:58

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодии он дар ҷомеа ва мусоидати ин қонун ба болоравии сатҳи зиндагии мардум имрӯз зимни баргузории мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат бо кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» баррасӣ гардид. Қайд карда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани татбиқи ин қонун, дар баробари комиссияи доимамалкунанда, дар ҳамаи вазорату идора, ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳо, ки зиёда аз 30 нафар дар онҳо фаъолият мекунанд, комисияи дохили идоравӣ ташкил шудааст. То имрӯз, дар қаламрави ҷумҳурӣ 495 комиссияи доимии маҳаллӣ ва 8 ҳазору 916 комиссияи дохили идоравӣ фаъолият мекунанд. Ҳадафи аслии комиссияҳои дохили идоравӣ — дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғибу ташвиқи бештари ҳадафҳои ин қонун мебошад. Зикр гардид, ки АМИТ «Ховар» ҳамчун органи марказии давлатии иттилоотӣ яке аз дастгоҳҳои тарғибу ташвиқи  Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, дар ин самт нақши муассир мегузорад. Иштирокдорони мизи мудаввар роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ин қонун мубодилаи афкор намуда, оид ба нуқтаҳои ҳанӯз ҳам норавшани он маълумотҳои муфассал гирифтанд. Ба АМИТ «Ховар» аз ҷониби мутахассисони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тавсия дода шуд, ки роҷеъ ба раванди амалишавии ин қонун маводҳои бештар, пеш аз ҳама оид ба вайрон намудани талаботи қонун ва ситонидани ҷарима мавод паҳн намояд, то аз бурду бохти риояи ин қонун ҷомеа огоҳ бошад.

Февраль 25, 2010 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад