ҚОНУНИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ТАРҒИБИ БЕШТАР МЕҲОҲАД
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодии он дар ҷомеа ва мусоидати ин қонун ба болоравии сатҳи зиндагии мардум имрӯз зимни баргузории мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат бо кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» баррасӣ гардид. Қайд карда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани татбиқи ин қонун, дар баробари комиссияи доимамалкунанда, дар ҳамаи вазорату идора, ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳо, ки зиёда аз 30 нафар дар онҳо фаъолият мекунанд, комисияи дохили идоравӣ ташкил шудааст. То имрӯз, дар қаламрави ҷумҳурӣ 495 комиссияи доимии маҳаллӣ ва 8 ҳазору 916 комиссияи дохили идоравӣ фаъолият мекунанд. Ҳадафи аслии комиссияҳои дохили идоравӣ — дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғибу ташвиқи бештари ҳадафҳои ин қонун мебошад. Зикр гардид, ки АМИТ «Ховар» ҳамчун органи марказии давлатии иттилоотӣ яке аз дастгоҳҳои тарғибу ташвиқи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, дар ин самт нақши муассир мегузорад. Иштирокдорони мизи мудаввар роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ин қонун мубодилаи афкор намуда, оид ба нуқтаҳои ҳанӯз ҳам норавшани он маълумотҳои муфассал гирифтанд. Ба АМИТ «Ховар» аз ҷониби мутахассисони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тавсия дода шуд, ки роҷеъ ба раванди амалишавии ин қонун маводҳои бештар, пеш аз ҳама оид ба вайрон намудани талаботи қонун ва ситонидани ҷарима мавод паҳн намояд, то аз бурду бохти риояи ин қонун ҷомеа огоҳ бошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






