ҲАҶМИ МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ ДАР МОҲИ ЯНВАР
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ моҳи январ ба маблағи бештар аз як миллиард сомонӣ маҳсулоти умумии дохилӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба нархҳои муқоисавии соли 2009 – ум 104, 2 фоизро ташкил медиҳад. Моҳи январи соли равон дар мамлакат ба маблағи 571,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноат истеҳсол карда шуд. Ин нисбат ба ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноат дар моҳи январи соли 2009 — ум 103,2 фоизро ташкил медиҳад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки корхонаҳои вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ моҳи январ ба маблағи 150,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6 фоиз зиёд мебошад. Корхонаҳои коркарди пахта дар ин давра ба маблағи 62,8 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд, ки аз соли гузашта 15,1 фоиз зиёд аст. Корхонаҳое, ки ба вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ нестанд, моҳи январи соли 2010 ба маблағи 239,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноат истеҳсол намуданд. Ин нисбат ба моҳи январи соли 2009 – ум 1 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






