ҲАҶМИ ВОРИДОТИ МОЛ АЗ БЕЛОРУСИЯ МЕАФЗОЯД

Февраль 12, 2010 10:30

Душанбе, 12  феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Дирӯз  дар  Палатаи  савдо ва  саноати  Тоҷикистон мулоқоти  соҳибкорону  тоҷирони тоҷик  бо  ҳайати  Ҷумҳурии  Белорусия  таҳти роҳбарии  муовини  вазири  саноати  ин  мамлакат  Геннадий  Свидерский  баргузор  гардид. Дар  мулоқот  аз  ҷониби  Белорусия  роҳбарону  намояндагони   Палатаи  савдо  ва  саноат,  ширкатҳои  саҳҳомии  «Лидагропроммаш», «МАЗ», «МТЗ», «БелАЗ», «Лидселмаш», «Гомелдрев»  ширкат  варзиданд. Г.Свидерский   дар  бораи  ҳадафҳои  ташрифи  ҳайати  мамлакаташ  сухан  ронда,   гуфт, ки соҳибкорону тоҷирони  белорус бо  ҳамкасбони тоҷикашон  дар  соҳаҳои  гуногун  ҳамкорӣ  кардан  мехоҳанд. Қайд  карда  шуд, ки  маҳсулоти  корхонаҳои  тракторсозӣ, автомобилсозӣ,  БелАЗ  ва  корхонаҳои  дигари  Белорусия  дар  Тоҷикистон  самарабахш  истифода бурда  мешаванд.  Онҳоро  имрӯз  дар  майдонҳои  сохтмони   иншоотҳои  гуногун  дидан  мумкин  аст. Намояндагони  Белорусия  пешниҳод  намуданд, ки дар  Тоҷикистон  барои  васли  қисмҳои  эҳтиётии техника  ва  хизматрасонии   онҳо,  коркарди  алюминии  хом  ва   маҳсулоти  кишоварзӣ  корхонаҳои  муштарак   бунёд  карда  шаванд. Тоҷирони тоҷик  пешниҳод  намуданд, ки   ҳаҷми   содироти мол аз  Белорусия  ба  Тоҷикистон  зиёд  карда  шавад.  Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки  ҳайати  Белорусия  10  феврал  ба  Душанбе  омада буд. Меҳмонон  то  имрӯз  бо роҳбарону  намояндагони  баъзе  вазорату  идораҳои  Тоҷикистон  мулоқотҳо  анҷом  доданд.

Февраль 12, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд