ҲАҶМИ ВОРИДОТИ МОЛ АЗ БЕЛОРУСИЯ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқоти соҳибкорону тоҷирони тоҷик бо ҳайати Ҷумҳурии Белорусия таҳти роҳбарии муовини вазири саноати ин мамлакат Геннадий Свидерский баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби Белорусия роҳбарону намояндагони Палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои саҳҳомии «Лидагропроммаш», «МАЗ», «МТЗ», «БелАЗ», «Лидселмаш», «Гомелдрев» ширкат варзиданд. Г.Свидерский дар бораи ҳадафҳои ташрифи ҳайати мамлакаташ сухан ронда, гуфт, ки соҳибкорону тоҷирони белорус бо ҳамкасбони тоҷикашон дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Қайд карда шуд, ки маҳсулоти корхонаҳои тракторсозӣ, автомобилсозӣ, БелАЗ ва корхонаҳои дигари Белорусия дар Тоҷикистон самарабахш истифода бурда мешаванд. Онҳоро имрӯз дар майдонҳои сохтмони иншоотҳои гуногун дидан мумкин аст. Намояндагони Белорусия пешниҳод намуданд, ки дар Тоҷикистон барои васли қисмҳои эҳтиётии техника ва хизматрасонии онҳо, коркарди алюминии хом ва маҳсулоти кишоварзӣ корхонаҳои муштарак бунёд карда шаванд. Тоҷирони тоҷик пешниҳод намуданд, ки ҳаҷми содироти мол аз Белорусия ба Тоҷикистон зиёд карда шавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ҳайати Белорусия 10 феврал ба Душанбе омада буд. Меҳмонон то имрӯз бо роҳбарону намояндагони баъзе вазорату идораҳои Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






