ҲАЙАТИ НОЗИРОНИ ИДМ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРДАНД
Душанбе, 5 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Кохи «Ваҳдат»-и пойтахт ситоди ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод. Алҳол ситоди ҳайати нозирони ИДМ-ро сардори шӯъба оид ба назорати интихоботҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ Евгений Слобода роҳбарӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон, ки 28 феврали соли 2010 баргузор мешавад, беш аз 400 нозири байналмилалӣ, аз созмонҳои байналмилалӣ ба мисли ИДМ, СҲШ ва САҲА мушоҳида мекунанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






