ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БА КИЕВ РАФТ

Февраль 24, 2010 13:00

Душанбе,  24  феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). —  Ҳайати  ҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  маросими  савгандёдкунии президенти  Украина   Виктор  Янукович  иштирок  менамояд. Маросими  мазкур  пагоҳ  25  феврал дар  пойтахти  Украина —  шаҳри  Киев баргузор  мегардад.  Дар  маросими ботантанаи   савгандёдкуни  президенти  Украина ҳайати  сад мамлакати  хориҷӣ  ширкат  меварзанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  ба  ҳайати  Тоҷикистон  Сарвазири  мамлакат  Оқил  Оқилов  роҳбарӣ  мекунад.  Ҳайат  субҳи  имрӯз ба  Маскав  рафт.  Намояндагони  Тоҷикистон  бегоҳии  24  феврал ба  пойтахти  Украина – Киев  мераванд.

Февраль 24, 2010 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад