ҲИСОБОТИ КӮМАКИ БЕРУНАИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи кӯмаки техникии Барномаи рушди СММ маълумотномаи ҳарсолаи иттилоотии «Ҳамкорони рушд — 2009-2010» ва «Ҳисоботи кӯмаки беруна — 2008»-ро нашр намуд. Нашри навбатии маълумотномаи «Ҳамкорони рушд — 2009-2010» шумораҳои навоваришудаи нашрҳои пешинро, бо назардошти тағйиротҳои босуръате, ки дар фазои кӯмаки беруна ҷой доранд, дар бар мегирад. Мақсади нашри маълумотномаи мазкур — такмили маълумотнокии тамоми иштирокчиёни ҷараёни расонидани кӯмаки беруна ба Тоҷикистон, дар бораи хусусият ва самтҳои фаъолияти ҳар як ҳамкори рушд, бо назардошти тахассуси онҳо ба ин ё он лоиҳаҳои минтақавӣ ва соҳавӣ, мебошад. Гуфтанист, ки дар «Ҳисоботи кӯмаки беруна — 2008» шарҳи вазъи корро бо ҷалб ва истифодаи кӯмаки беруна, амалиёти нишондодҳои асосӣ, ки тавсифгари истифодаи босамари кӯмаки беруна аст, инчунин маълумоти мушаххас дар бораи ҳар як лоиҳае (созишнома), ки аз ҳисоби ҷалби кӯмаки беруна дар ҷумҳурӣ иҷро мешаванд, таҳия шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






