ҲУҚУҚИ НОЗИРОН ДАР ИНТИХОБОТ
Ҳисор, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имрӯз давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии иштироки нозирон дар интихобот» дар ноҳияи Ҳисор ба охир расид. Дар семинар намояндагони 8 ҳизби сиёсӣ ширкат доштанд. Семинари мазкур аз ҷониби Асотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта буд. Омӯзгорон Тӯйғун Каримов, Эраҷ Рамазонов дар бораи қонуну қоидаи интихобт маълумот дода ба саволҳои ширкаткунандагони семинар ҷавобҳои мушаххас доданд. Чунин семинарҳо аллакай дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав ва дар бисёр шаҳру ноҳияи дигари ҷумҳурӣ баргузор гардиданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






