ҲУҚУҚИ НОЗИРОН ДАР ИНТИХОБОТ

Февраль 11, 2010 15:59

Ҳисор, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имрӯз давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии иштироки нозирон дар интихобот» дар ноҳияи Ҳисор ба охир расид. Дар семинар намояндагони 8 ҳизби сиёсӣ ширкат доштанд. Семинари мазкур аз ҷониби Асотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта буд.  Омӯзгорон Тӯйғун Каримов, Эраҷ Рамазонов дар бораи қонуну қоидаи интихобт маълумот дода ба саволҳои ширкаткунандагони семинар ҷавобҳои мушаххас доданд. Чунин семинарҳо аллакай дар ноҳияҳои шаҳри  Душанбе, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав ва дар бисёр шаҳру ноҳияи дигари ҷумҳурӣ баргузор гардиданд.

Февраль 11, 2010 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад