ҶАЪФАРХОН ДАСТ АФТОД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҷаъфархон Ҳомидов, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ ҷамоати Роҳатӣ бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ ба миқдори 1 кг 922 гр маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Мувофиқи ташхиси криминалистӣ маводи дарёфтшуда навъи героин мебошад. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






