ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТ ДАР ҚӮРҒОНТЕППА
Қӯрғонтеппа, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии №26 шаҳри Қӯрғонтеппа Таваккал Наҷибуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки овоздиҳӣ дар маркази вилоят субҳи барвақт оғоз ёфт ва то соати 12.00 53 фоизи интихобкунандагон дар 51 қитъаи интихоботӣ овоз доданд. Дар ҳавзаи интихоботии №26 78 ҳазору 900 интихобкунанда, аз ҷумла 20 ҳазор нафар аз шаҳри Сарбанд, 26 ҳазор нафар аз ноҳияи Бохтар ва 32 ҳазор нафар аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳавзаи мазкур се номзади вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии мамлакат пешбарӣ карда шудаанд. Онҳо намояндагони Ҳизби халқии демократӣ Саодат Амиршоева, собиқ вакили палатаи поёнӣ Саидамир Гулов ва намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ Қиёмиддин Авазов мебошанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






