ҶАШНИ ЗОДРӮЗИ ШОИРА

Февраль 17, 2010 15:18

Душанбе, 17  феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина  Ғоибназарова). —  Шоираи  маъруфи тоҷик  Ҳадиса  Қурбонова  имрӯз  70 – сола шуд.  Инчунин  ҳамин рӯз   асари нави  ӯ  бо  номи «Тӯфон»  аз  чоп  баромад, ки дар  бораи  воқеаҳои охири  солҳои  90 – уми  асри  гузашта  нақл  карда,  ба  Ҳунарпешаи  мардумии  Иттиҳоди  Шӯравӣ  Ҷӯрабек  Муродов  бахшида  шудааст. Пагоҳ  дар  бинои  Иттифоқи  нависандагони  ҷумҳурӣ  мулоқоти  эҷодии  шоира бо  мухлисони  эҷодиёташ  баргузор мегардад. Ҳамкорон,  ҳамкасбон,  хешу таборон  ва  ҳамсолонаш   ӯро  ба  муносибати   рӯзи  таваллуд  ва  нашри  асари  наваш  табрик  хоҳанд  кард. Ҳадиса  Қурбонова  зимни  сӯҳбат бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  зикр  намуд, ки   айни  ҳол  ба  навиштани  ду  достон ва  шеърҳои  нав  машғул  аст.  Шоира ният  дорад, ки оянда  бахшида ба  шоирони  бузурги  классики форсу  тоҷик  Ҳофизи  Шерозӣ ва Абулқосим  Фирдавсӣ  достонҳо  эҷод  намояд. Ҳ.Қурбонова  аз  солҳои  таҳсил  дар  мактаб —  интернат  ва  Донишгоҳи давлатӣ  ба  навиштани  шеър  машғул  аст. Маҷмӯаҳои  ашъори «Ваъдаю  вафо», «Сипос», «Шафақҳои Октябр», очеркҳои «Аз  пайраҳа  то шоҳроҳ»  бахшида ба  Қаҳрамони  Меҳнати  Сотсиалистӣ  Розия  Қурбонова, «Заҳмати  пуршарафи боғдорон»,  намоишномаҳои «Мӯниса»,  «Чорсӯ»,  «Шамъи  ҷовид» ва  ғайра натиҷаи  меҳнати  эҷодии  ӯ  мебошанд. Ҳ.Қурбонова  узви  Иттифоқи  нависандагони  ИҶШС  мебошад. Ӯ  ҳамчунин  асарҳои  нависандагону  шоирони  миллатҳои  дигарро  ба  тоҷикӣ  тарҷума  кардааст. Тарҷумаи  ашъори  шоири белорус  Антон Белевич,  ашъори  шоири туркман Махдумқулӣ, адибаи  ӯзбек  Зулфия,  адибаи  арман  Силвия Капутикиян,  адибаи  авар Фазу  Алиева,  адиби  қирғиз  Суюнбой  Эралиев  ва  нависандаи  муғул  Намзаддин  Надмид  ба  қалами  ӯ  тааллуқ  доранд.  

Февраль 17, 2010 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид