ҶАВОНРО ЧӢ МАҶБУР КАРД, КИ ДАСТ БА ҶИНОЯТ ЗАНАД?
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар истгоҳи воситаҳои нақлиёти кӯчаи Лагинов воқеъ дар шаҳри Қурғон-теппа автомашинаи тамғаи «Део — Нексиа» таҳти идораи ронанда Иномҷон Файзиеви 23 сола, сокини кӯчаи Бобоҷон Гафуров боздошт карда шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз таги курсии нишасти пеши мусофир маводи нашъадори бангдона, ки вазнаш тақрибан 1 кг-ро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






