159 ДАЛЕЛИ ШАЙЪӢ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷ. Румӣ вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Ваҳҳоб Ҳусайнов соли таваллудаш 1977 ва Шаҳриёри Раҳимҷон соли таваллудаш 1983, сокинони шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи онҳо тақрибан 1 кг маводи нашъадори навъи афюн ва беш аз 500 гр маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи маълумоти корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, аз аввали сол аз тарафи Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҶТ ва Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори вазорати корҳои дохилии ҶТ 1 тонна маводи нашъадор ва 159 далели муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






