381 НАФАР БЕМОРОНИ ВИЧ/СПИД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ

Февраль 28, 2010 14:04

            Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар 5 марказҳои пешгирӣ ва мубориза зидди бемории СПИД дар вилояти Хатлон 100 нафар гирифторони ВИЧ/СПИД ба табобати зидди ретровирусии ройгон фаро гирифта шудаанд.            Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардухтури Маркази пешгирӣ ва мубориза зидди бемории СПИД дар вилояти Хатлон Даврон Қунғуротов иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, то ба имрӯз дар қаламрави вилоят 381 нафар гирифторони вируси норасоии масъунияти баданро ба қайд гирифтаанд, ки аз ин теъдод 62 нафарашон зан ва 5 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.          Инчунин, қайд гардид, ки Барномаи миллии қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба пешгирии вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) аз соли 2005 амалӣ гашта истодааст. Ҳоло ҳамаи онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта истодаанд аз ташхиси Марказҳои мазкур гузашта истодаанд. Боварӣ ҳаст, ки то соли 2013 сатҳи гирифторшавӣ ба ин маризӣ дар вилоят рӯ ба камшавӣ мебарад. 

Февраль 28, 2010 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд