381 НАФАР БЕМОРОНИ ВИЧ/СПИД ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар 5 марказҳои пешгирӣ ва мубориза зидди бемории СПИД дар вилояти Хатлон 100 нафар гирифторони ВИЧ/СПИД ба табобати зидди ретровирусии ройгон фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардухтури Маркази пешгирӣ ва мубориза зидди бемории СПИД дар вилояти Хатлон Даврон Қунғуротов иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, то ба имрӯз дар қаламрави вилоят 381 нафар гирифторони вируси норасоии масъунияти баданро ба қайд гирифтаанд, ки аз ин теъдод 62 нафарашон зан ва 5 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Инчунин, қайд гардид, ки Барномаи миллии қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба пешгирии вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) аз соли 2005 амалӣ гашта истодааст. Ҳоло ҳамаи онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта истодаанд аз ташхиси Марказҳои мазкур гузашта истодаанд. Боварӣ ҳаст, ки то соли 2013 сатҳи гирифторшавӣ ба ин маризӣ дар вилоят рӯ ба камшавӣ мебарад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






