65 ДАРСАДИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН РАЪЙ ДОДАНД
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То соъати 14:00 ҳудуди 64,6 дарсади раъйдиҳандагон дар саросари кишвар ба интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ иштирок намуданд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, дар вилояти Суғд шумораи афроди раъйдода то ин вақт 65,6 дарсад, дар вилояти Хатлон 68,4 дарсад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 65,7 дарсад, дар Душанбе 60,4 дарсад ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 59,4 рост меояд. Гуфтанист, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар соати 12:00 интихоботи порлумонӣ ва маҷолисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистонро «баргузоршуда» эълом кард, зеро то ин вақт беш аз 50 дарсади интихобкунандагон орои худро ба сандуқ рехта буданд. Ёдовар мешавем, ки раъйдиҳӣ аз соати 6 субҳ оғоз шуда, то соати 20:00 идома мекунад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






