65 ДАРСАДИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН РАЪЙ ДОДАНД

Февраль 28, 2010 15:30

           Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То соъати 14:00 ҳудуди 64,6 дарсади раъйдиҳандагон дар саросари кишвар ба интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ иштирок намуданд.           Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, дар вилояти Суғд шумораи афроди раъйдода то ин вақт 65,6 дарсад, дар вилояти Хатлон 68,4 дарсад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 65,7 дарсад, дар Душанбе 60,4 дарсад ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 59,4 рост меояд.            Гуфтанист, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар соати 12:00 интихоботи порлумонӣ ва маҷолисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистонро «баргузоршуда» эълом кард, зеро то ин вақт беш аз 50 дарсади интихобкунандагон орои худро ба сандуқ рехта буданд.              Ёдовар мешавем, ки раъйдиҳӣ аз соати 6 субҳ оғоз шуда, то соати 20:00 идома мекунад. 

Февраль 28, 2010 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид