А.ЭШОНОВА:«ПЕШГИРИИ &#1202ОДИСА&#1202ОИ ХУДК&#1262ШИЮ ХУДС&#1262З&#1250 ВА ҶИНОЯТКОРӢ

Февраль 10, 2010 14:08

Ваҳдат,  10 феврал  ( АМИТ «ХОВАР» Зебо Давлатова) — Аз 26-уми моҳи январ инҷониб, ҷаласаҳои ҷамъбастии Шӯрои занони шаҳри Ваҳдат, дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, шӯъбаи маориф, омӯзишгоҳи тиббӣ, техникуми оморӣ бо   роҳбарии муовини раиси шаҳр Руқия Раҳматзода дар якҷоягии намояндаи соҳаи тандурустӣ,  шӯъбаи САҲШ, ва кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи  шаҳр  баргузор шуда истодааст. Дар ҷаласаҳои сайёр масъалаҳои фаро гирифтани духтарони деҳот ба таълим, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби  худкӯшию худсӯзӣ ва ҷинояткорӣ аз тарафи занон, танзими расму оинҳо, оиди оиладорӣ, пешгирии фавти модару кӯдак, истифодаи лампаҳои каммасраф, инчунин харидории саҳмияҳо НОБ Роғун мавриди муҳокима қарор   мегирад Аллакай дар деҳотҳои Чуянгарон, Б. Бурунов, Симиганҷ,  Р. Исмоилов, Дӯстӣ , Баҳор  ва  Гулистон чунин вохӯриҳо гузаронида шуд.  Ба кори Шӯрои занон оиди бартараф намудани камбудиҳо аз тарафи кумитаи кор бо занон тавсияю пешниҳодҳо карда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «ХОВАР» раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти маҳаллии  шаҳри Ваҳдат  Азиза Эшонова иттилоъ дод.

Февраль 10, 2010 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд