АБДУЛЛОИ ҶОСБӢ БА ДУШАНБЕ ТАШРИФ МЕОРАД

Февраль 12, 2010 16:52

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 феврал Ректори Донишгоҳи озоди Теҳрон Абдуллои Ҷосбӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Эрон дар Душанбе иттилоъ доданд. Ҳадафи асосии сафари Абдуллои Ҷосбӣ ба Тоҷикистон гирифтани иҷозатнома дар мавриди таъсиси шӯъбаи Донишгоҳи озоди Теҳрон дар Душанбе ва имзои қарордодҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ  дар хусуси табодули донишҷӯ ва устодон байни ду кишвар мебошад. Зимни сафари серӯзаи  худ ба Душанбе Абдуллои Ҷосбӣ бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов ва Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов дидору мулоқот менамояд.       Ҳамчунин ректори Донишгоҳи озоди Теҳрон аз Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон боздид менамояд.

Февраль 12, 2010 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад