АНҶОМИ БАРНОМАИ КӮМАКИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН

Февраль 18, 2010 11:15

Душанбе,  18  феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). —  Бонки рушди  Осиё   иҷрои барномаи  расонидани  кӯмакро  ба  Тоҷикистон   барои   наҷот  додани  иқтисодиёти  мамлакат  аз таъсири  бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявӣ  ба  охир  мерасонад. Тибқи  барномаи  мазкур   барои расонидани  кӯмак ба  Тоҷикистон  40  миллион  доллари  ИМА  ҷудо  карда  шуда буд.  Бо  ин  маблағ  дар  Тоҷикистон  барномаҳои  муҳими  иҷтимоӣ  амалӣ  карда  шуданд. Шӯрои  мудирони  бонк  барномаи  мазкурро   6  июли  соли  2009  тасдиқ  карда буд. Барнома  ба  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  имкон  дод, ки   таъсири  бӯҳрони  молиявиро  ба   даромади  давлат то  ҳадди  имкон  кам  карда,  нақшаҳои  асосии  таъмини  эҳтиёҷоти  иҷтимоӣ,  аз  ҷумла  пардохти  кӯмакпулиҳо  ва   хизматрасонии  иҷтимоиро  ба  гурӯҳҳои  камбизоати  аҳолӣ  амалӣ  созад. Ҳукумат  ҳамчунин  имконият  пайдо  намуд, ки   ба  туфайли  кӯмаки  Бонки рушди  Осиё ҷойҳои нави  корӣ   ташкил  намуда,  бо  ин роҳ  ба  барқарор  сохтани  иқтисодиёт  ноил  гардад. Иҷрои барнома  ба  зиммаи  вазоратҳои  молия ва меҳнату  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   гузошта  шуда буд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  Тоҷикистон  соли  1998  узви  Бонки   рушди  Осиё  гардида буд. Бонки  мазкур   дар  ин  муддат  ба  Тоҷикистон  ба  маблағи  қариб  560  миллион  доллари  ИМА  қарзҳои  имтиёнок  дода,  инчунин  кӯмакҳои техникӣ  расонид.

Февраль 18, 2010 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад