АНҶОМИ БАРНОМАИ КӮМАКИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Бонки рушди Осиё иҷрои барномаи расонидани кӯмакро ба Тоҷикистон барои наҷот додани иқтисодиёти мамлакат аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба охир мерасонад. Тибқи барномаи мазкур барои расонидани кӯмак ба Тоҷикистон 40 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуда буд. Бо ин маблағ дар Тоҷикистон барномаҳои муҳими иҷтимоӣ амалӣ карда шуданд. Шӯрои мудирони бонк барномаи мазкурро 6 июли соли 2009 тасдиқ карда буд. Барнома ба Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон дод, ки таъсири бӯҳрони молиявиро ба даромади давлат то ҳадди имкон кам карда, нақшаҳои асосии таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, аз ҷумла пардохти кӯмакпулиҳо ва хизматрасонии иҷтимоиро ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ амалӣ созад. Ҳукумат ҳамчунин имконият пайдо намуд, ки ба туфайли кӯмаки Бонки рушди Осиё ҷойҳои нави корӣ ташкил намуда, бо ин роҳ ба барқарор сохтани иқтисодиёт ноил гардад. Иҷрои барнома ба зиммаи вазоратҳои молия ва меҳнату ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузошта шуда буд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Тоҷикистон соли 1998 узви Бонки рушди Осиё гардида буд. Бонки мазкур дар ин муддат ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 560 миллион доллари ИМА қарзҳои имтиёнок дода, инчунин кӯмакҳои техникӣ расонид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






