«АПРАШКА» ТОҶИРОНРО НИГАРОН КАРДААСТ

Февраль 24, 2010 11:32

Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба гуфти роҳбари ҷамъияти  муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт – Петербург Муҳиддинҷон Мӯъминов, масъалаи барҳам хӯрдани бозори «Апрашка», ки се сол боз атрофи он сухан мерафт, ахиран анҷом ёфт. Акнун дар ин бозор, ки беш аз 10 ҳазор тоҷирону ҳаммолон машғули кор буданд, маркази калони тиҷоратию фарҳангӣ бунёд мегардад. Бо иттилои ҳамин манбаъ, дар ин бозор беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори тиҷорату хизматрасонӣ машғул мебошанд. Дар сурати баста шудани он ҳамаи онҳо аз ҷои кории  худ маҳрум хоҳанд шуд. Айни замон аз тарафи мақомоти шаҳри Санкт – Петербург таҳқиқи таърихию меъмории ҳавлии Апрескин то моҳи март анҷом дода, тасмим гирифта мешавад, ки ба сохтмони маркази нави тиҷоратӣ — фарҳангӣ иҷозат дода мешавад ё не. Барои тоҷирони тоҷик дар атрофии мавзеи  «Гражданка»  ҷой ҷудо карда мешавад, аммо ба гуфти М.Мӯъминов, дар ҷои нав танҳо 250 – 300 нафар тоҷири тоҷикистониро ҷой додан мумкин, ҳол он ки сухан  сари ҳазорон нафар тоҷирони Осиёи Миёна меравад.                 

Февраль 24, 2010 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд