«АПРАШКА» ТОҶИРОНРО НИГАРОН КАРДААСТ
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти роҳбари ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт – Петербург Муҳиддинҷон Мӯъминов, масъалаи барҳам хӯрдани бозори «Апрашка», ки се сол боз атрофи он сухан мерафт, ахиран анҷом ёфт. Акнун дар ин бозор, ки беш аз 10 ҳазор тоҷирону ҳаммолон машғули кор буданд, маркази калони тиҷоратию фарҳангӣ бунёд мегардад. Бо иттилои ҳамин манбаъ, дар ин бозор беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори тиҷорату хизматрасонӣ машғул мебошанд. Дар сурати баста шудани он ҳамаи онҳо аз ҷои кории худ маҳрум хоҳанд шуд. Айни замон аз тарафи мақомоти шаҳри Санкт – Петербург таҳқиқи таърихию меъмории ҳавлии Апрескин то моҳи март анҷом дода, тасмим гирифта мешавад, ки ба сохтмони маркази нави тиҷоратӣ — фарҳангӣ иҷозат дода мешавад ё не. Барои тоҷирони тоҷик дар атрофии мавзеи «Гражданка» ҷой ҷудо карда мешавад, аммо ба гуфти М.Мӯъминов, дар ҷои нав танҳо 250 – 300 нафар тоҷири тоҷикистониро ҷой додан мумкин, ҳол он ки сухан сари ҳазорон нафар тоҷирони Осиёи Миёна меравад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






