АВФШУДАГОН ҶИНОЯТ СОДИР КАРДАНД

Февраль 17, 2010 14:43

Кӯлоб, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – «Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ дар натиҷаи дидани чораҳои фаврӣ_ҷустуҷӯӣ гурӯҳеро  боздошт кардаанд, ки дар ғорати 26 дӯкони савдо гумонбар дониста мешаванд”. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ Хайриддин Ҷафаров, иттилоъ дод. Ӯ қайд кард, ки ин  гурӯҳи чаҳор нафара, ки ҳар яке аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон будаанд, моҳи декабри соли гузашта мувофиқи “Қонун дар бораи авф” аз зиндон раҳо шудаанд. Онҳо баъд аз озод шудан аз маҳбас бо мақсади ба даст овардани пули бе дарди миён дар давоми ду моҳи ахир ба ғоратгарӣ даст заданд.  Гурӯҳи мазкур дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ ҷиноят содир карданд. Тафтишот идома дошта, далелҳо ҷамъ оварда мешаванд.  

Февраль 17, 2010 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд