АВТОБУС БО МОНИТОР
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Онҳое, ки аз нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ истифода мекунанд, бо навгониҳои КВД шаҳрӣ «Автобус — 1» ошноянд,- иброз дошт роҳбари корхонаи мазкур Фирдавс Саидов. Дар корхона бо тарзи таҷрибавӣ аллакай дар 10 автобус монитор бо роликҳои рекламавӣ дар чанд хатсайр ҳаракат мекунанд. Дар сурати пайдо шудани рекламадиҳандагон фирмаи насбкунандаи монитор метавонад то 100 автобусро бо ин навъи техника таъмин кунад. Инро як навъи рушди техникаи муосир дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ донистан мумкин. Тавассути он шаҳрвандони пойтахт бо беҳтарин дастовардҳои пойтахт, пайдо кардани ҷойҳои нави корӣ дар корхонаю ташкилот ва баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ ошно хоҳанд шуд. Мо мехоҳем чунин роликҳо аз ҷониби ташкилотҳои сайёҳию туристӣ, ки кишвари афсонавии моро метавонанд ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ кунанд бештар бошанд ва мо омодаем барои сайёҳони хориҷӣ автобусҳои монитордор бо роликҳои беҳтарин аз ҳаёти хоҷагию давлатӣ, сайёҳию фарҳангии кишвар ҷудо намоем,- гуфт Ф.Саидов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






