АЗ ТАРМА ЭҲТИЁТ ШАВЕД

Февраль 15, 2010 15:05

Душанбе,  15  феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Аз  Вазорати   нақлиёт  ва  алоқаи  ҷумҳурӣ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки дар натиҷаи  бориши  барфи  зиёд  дар  роҳи  мошингарди Душанбе – Хуҷанд   хавфи  фуромадани   тарма  боқӣ  мемонад. Мудири  шӯъбаи   вазорат Владимир  Багуманов   хабар  дод, ки дар  давоми  ду  шабонарӯзи охир  аз  мавзеи  Майхӯра  сар  карда,  то   даромадгоҳи туннели «Истиқлол»   дар  бештар  аз даҳ  ҷой  тарма  фуромадааст.  Бинобар  ин   роҳи  мазкур  барои  рафту омади  нақлиёт  бастааст. В.Багуманов  афзуд, ки   ҳавошиносон  рӯзҳои  оянда   гарм  шудани  ҳаво  ва  боридани  боронро  пешгӯӣ мекунанд. Дар  натиҷа  хавфи  фуромадани  тарма  дар роҳҳои  кӯҳистон  бештар  мегардад. Аз  рӯи  маълумоти  мутахассисони  вазорат,  барои  тоза  кардани  роҳи  мошингарди  ағбаи  Анзоб  техникаи  зиёд  сафарбар  карда  шудааст,  вале  вазъи  ҳаво   ба  кори  роҳсозон  халал  мерасонад. Аз  ин рӯ  мусофирон  ва  ронандагон   даъват  карда  мешаванд, ки  зимни  сафар  ҳушёриро  аз  даст надода,  беҳтараш  дар  давоми  ҳафтаи оянда  аз   сафари роҳҳои  кӯҳистон  худдорӣ  кунанд.

Февраль 15, 2010 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд