АЗ ТОШКАНД БА «ХОВАР» МАКТУБ РАСИД

Февраль 6, 2010 10:01

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиатномаи Президенти  ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба халқи Тоҷикистон ҷиҳати саҳм гузоштан дар сохтмони НБО- Роғун ва комёб шудан ба истиқлолияти энергетикии кишвар ҷонибдорӣ намуда,  5 фоизи маоши солонаи худро  ба маблағи беш аз 12 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби ин иншооти бузурги аср гузарониданд. Аз Сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Сафорат қаблан аз ҳисоби маоши кормандон ва имкониятҳои мавҷудаи Сафорат  ба суртҳисоби  НБО Роғун 21 ҳазор сомонӣ маблағ интиқол дода буд. Дар маҷмӯъ кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба суртҳисоби НБО «Роғун» беш аз 115 ҳазор сомонӣ муодили 26 ҳазор доллари амрикоӣ гузарониданд. Ҳамзамон, Сафорат ҷиҳати таблиғи иқдоми мазкур тавассути ваосити ахбори оммаи  Ӯзбекистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, дар саҳифаи махсуси  ҳафтаномаи «Туркистон-пресс» таҳти унвони  «Набзи Тоҷикистон» силсиламақолаҳоро нашр намудааст. Дар ин самт корҳо идома дошта  Сафорат ҷиҳати ҷалб намудани  маблағҳои иловагӣ  тавассути сомонаҳои интернетӣ,  байни сафорату созмонҳои байналмилалии муқими Тошканд, ҷамъияти тоҷикон, хусусан корчалону соҳибкорон дар ин кишвар фаъолиятҳо мебаранд.     

Февраль 6, 2010 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!