БАҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲОИ ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОН БА ОХИР МЕРАСАД
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз, 8 феврал бақайдгирии номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ ба охир мерасад. Аз рӯи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ба ҳар ҷои Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ тақрибан 4 номзад пешбарӣ карда шудааст. Тавре ки маълум аст, Маҷлиси намояндагон 63 ҷой дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ 150 номзад ба қайд гирифта шуд. Инчунин мувофиқи рӯихати 8 ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ 73 номзад пешбарӣ карда шудааст. Онҳо дар интихобот аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ ширкат хоҳанд варзид. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ 28 феврал гузаронида мешавад. Ба палатаи поёнии парлумони мамлакат 63 вакил интихоб карда хоҳад шуд. Аз ин ҷумла, 41 вакил аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва 22 вакил мувофиқи рӯихати ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ карда шудааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






