БА 194 КИШВАР НОМАҲО РАСОНИДА МЕШАВАД
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки имрӯзҳо КВД «Почтаи тоҷик» ба 194 давлати дунё мубодилаи почтаро ба роҳ мондаст. Танзимгари миллӣ — КВД «Почтаи тоҷик» муросилоти шаҳрвандони Тоҷикистонро беосеб ба 194 давлати дунё расонида метавонад ва инро кафолат медиҳад. «Почтаи тоҷик» хизматрасониро аз қабили: қабул, дастрас намудани мактубҳо, бастаҳо, равонакҳо чӣ ба дохили кишвар ва чӣ ба хориҷи он дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба ҷо меорад. Хизматрасонии почтаи фаврии КВД «Почтаи тоҷик» нисбат ба хизматрасонии ширкатҳои DHL ва UPS хеле арзон ва барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ қулай мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






