БА «МОВАРОУННАҲР» ЭЪТИМОД НАДОРАМ

Февраль 12, 2010 10:59

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- «Мовароуннаҳр» яке аз ширкатҳои калонтарини сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе буда, бештар ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ сару кор дорад. Тавассути телевизиони Тоҷикистон ба  мардум дар бораи ҳамкоӣ ва маблағгузорӣ барои дар мӯҳлати 2 – 3 сол соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шудан реклама медиҳад. Ин даъват аз ҷониби садҳо нафар сокинони шаҳр хуб пазируфта шуда, дар сохтмони манзилҳои истқоматӣ сармоягузорӣ кардаанд ва соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шудаанд. Аммо ба гуфти Лутфия Ғайратшоева – як тоҷирзани тоҷик , ки бо аҳли оилаашон дар шаҳри Илетски вилояти Липетски ФР ба кори тоҷирӣ машғуланд ва барои ба Тоҷикистон баргаштану аз хонаҳои барҳавои ширкати «Мовароуннаҳр» баҳрамад шудан, бо имзои як қарордод 40 ҳазор доллари амрикоӣ ба суратҳисоби ширкати мазкур гузаронида,  дар муддати 5 сол  боз наметавонад соҳиби хона шавад, боварӣ ва эътимоди садҳо шаҳрвандони дигарро  барои ҳамкорӣ бо ин ширкат кам мекунад. Ба гуфти Л.Ғайратшоева ӯ ягона одами фиребхӯрдаи ин ширкат нест ва  ба ҷуз ӯ боз даҳҳо шаҳрвандони дар вақташ соҳиби хона нашуда, шартномаҳояшонро бо ин ширкат бекор карда,  бо як мушкилот маблағҳои худро   ба даст оварданд.

Февраль 12, 2010 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад