БАДАХШОН ДАР МУҲОСИРА

Февраль 12, 2010 10:37

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои намояндаи ваколатдори ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ,  ҳафтаи сипаришуда дар натиҷаи бориши зиёди барф ва фуромадани тарма байни деҳаҳои  Калот ва   Пастхӯфи ноҳияи Рӯшон беш аз 100 мошини пурбор ва мусофирбар    беҳаракат истодаанд. Тамоми техникаи зарурӣ барои тоза кардани роҳ аз тарма ба ин қисмати роҳи Душанбе – Хоруғ оварда шудааст, аммо бо сабаби бориши зиёди  барфи тар  ва зиёд шудани хатари фаромадани тарма истифодаи техника  барои тоза кардани роҳ муваққатан манъ карда шудааст. Аз маркази идораи обу ҳавошиносӣ иттилоъ доданд, ки рӯзҳои 13 – 16 уми феврал бориши барф дар ноҳияҳои баландкӯҳ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои Бадахшон бориши барф ҳамоно давом дорад ва Бадахшон  дар муҳосираи барфӣ қарор гирифтааст. Дар натиҷаи бориши зиёди барф миёни ноҳияи Ишкошим ва шаҳри Хоруғ – маркази Бадахшон, тармаи зиёд фаромада роҳро баст ва бар асари он як шаҳрванди шаҳри шаҳри Ваҳдат,  ки тавассути автомашинаи «КАМАЗ» борашро ба ноҳияи Ишкошим бурданӣ буд, зери тарма монда ҳалок гардид.

Февраль 12, 2010 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд