БАРҚИЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД

Февраль 11, 2010 14:37

11 феврали соли 2010  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст: Солгарди ҷашни инқилоби исломии Эрон имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ин муносибати таърихӣ табрику таҳният гўям. Пайвандҳои қавии таърихӣ ва фарҳангии мо аз муҳимтарин омилҳои рушду густариши сареъи муносибатҳои ду кишвари дўст дар замони истиқлоли Тоҷикистон гардиданд. Ва ман бо камоли мамнуният зикр карданиам, ки нумуъ ва равнақи ин муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштараки мост. Нишонаи возеҳи ҳамкориҳои муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрўз сатҳи баланд касб кардаанд, сафари ба наздикӣ анҷомдодаи Шумо ба Тоҷикистон аст, ки он тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари бародарро аён сохт. Умедворам, ки тавофуқоти ҳангоми сафар ба даст омада комилан амалӣ гардида, намунаи дигаре аз баракати ҳамкориҳои мо хоҳад гардид. Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ва бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирўзиҳои навин, ба мардуми дўсти Эрон – хушрўзӣ, сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Февраль 11, 2010 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад