БАРРАСИИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН»

Февраль 19, 2010 09:44

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 18 феврали соли равон дар толори меҳмонхонаи «Меркурий»-и пойтахт мизи мудаввар доир гардид, ки дар он Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур  намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ ва як қатор вазорату идораҳо, ҳамчунин ҷамъиятҳое, ки бо ҶҲА ҳамкорӣ мекунанд, иштирок доштанд. Кормандони ҶҲА Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти байналмиллалии Салиби Сурх барои иштирокчиён мавзӯъҳоеро дар бораи ҳаракати байналмиллалии СС ва ҲА омода намуда буданд. Котиби генералии ҶҲА Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов дар суханронии худ қайд намуд, ки «Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аввалин кишварест, ки Қонун «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар»-ро қабул намуд, ки ҳамаи ин бо шарофати ҳамкории зичи ҷамъият бо парлумон ва сохторҳои давлатӣ ба даст омадааст».

Февраль 19, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад